Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳокими Ангрен аз саҳрои пахта ҳисоботи тасвирӣ талаб кард


Ҳокими шаҳри Ангрени вилояти Тошканди Узбакистон аз роҳбарони муассисаҳои давлатӣ талаб кард, ки дар бораи ширкати одамон дар пахтачинӣ ҳисоботи тасвирӣ ё аксӣ бидиҳанд.

Дар телеграми фаврӣ ҳокими шаҳри Ангрен Ҳокимҷон Абдулазизов, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шуд, аз роҳбарони муассисаҳои давлатӣ дархост кардааст, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта ҳамаи чораҳои лозимро биандешанд. Вай дастур додааст, ки то 30 август рӯйхат ва акси аъзои "гуруҳҳои пахтачин", инчунин ному насаби афроди масъулро барояш омода кунанд.

Ҷамъоварии ҳосили пахта барои Узбакистон яке аз мавзуъҳои доғ аст, зеро чандин созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ ҳукумати ин кишварро дар истифодаи меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдакон дар мавсими ҷамъоварии пахта айбдор мекунанд.

Пештар аз ин ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев дастур дод, ки ташкилот ва идораҳои давлатӣ барои ҷамъоварии пахта гуруҳҳои 50-нафарӣ таъсис диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров ваъда кардааст, ки аз таҷрибаи ҷалби омӯзгорон ва табибон ба корҳои ободонӣ ва кишоварзӣ даст хоҳад кашид.

XS
SM
MD
LG