Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони рус бо гумони қаллобии 68 миллион рубл боздошт шуд


Коргардон Кирил Серебренников
Коргардон Кирил Серебренников

Раҳбари бадеии театри "Гогол- центр"-и Маскав, коргардон Кирилл Серебренников бо гумони қаллобӣ ба маблағи 68 миллион рубл боздошт шуд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 22 август хабар дод. Қарор аст иттиҳоми расмӣ алайҳи ӯ ба зудӣ эълон шавад. Бар пояи қонунҳои Русия муҷозоти қаллоби дар ҳаҷми бузург то 10 сол ҳукми зиндон дорад.

Авохири моҳи май мақомот аз рӯи дуздии пулҳои буҷет дар "Студияи ҳафтум", ки Серебренников ташкил кардааст, дар "Гогол-центр" ва хонаи коргардон кофтуков анҷом доданд. Он замон Серебренников ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуд. Тафтишот мегӯяд, ки пулҳои ҷудо шуда барои намоишномаи "Рӯёҳои шаби тобистон", соли 2012 ба яғмо рафтанд ва намоишнома таҳияву тақдим нашуд. Ҳисобдори "Студияи ҳафтум" Нина Масляева, ки дар боздошт қарор дорад, алайҳи Серебренников нишондод додааст.

XS
SM
MD
LG