Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Малахов сабаби рафтанаш аз Шабакаи аввалро шарҳ дод


Андрей Малахов
Андрей Малахов

Муҷрии шинохтаи телевизиони Русия Андрей Малахов рафтанаш аз Шабакаи аввал ва оғози фаъолияташ дар телевизиони "Россия 1"- ро тасдиқ кард. Ӯ дар ин шабака барномаи "Пахши зинда"- ро пеш мебарад. Видеои таблиғотии барнома дар сомонаи Starhit-и Малахов нашр шудааст.

Муаллифи барномаи "Пусть говорят" дар як номаи саркушода дар ҳамин маҷалла, аз тамоми кормандони Шабакаи аввал ва раҳбари он Константин Эрнст барои ҳамкории 25-сола изҳори сипос кардааст.

Малахов қаблан дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" дар шарҳи сабаби рафтанаш аз Шабакаи аввал гуфт, мехоҳад ҳаққи интихоби муҳтавои барномаҳояш бо худаш бошад.

Малахов гуфт, нақши "сарбоз", ки танҳо амри фармондеҳро иҷро мекунад, дар дилаш задааст. Ӯ, инчунин, гуфт, дар Шабакаи аввал наметавонист мавзӯъҳои ҳассосро ба баҳс кашад.

XS
SM
MD
LG