Пайвандҳои дастрасӣ

65 дарсади духтарони деҳот ба омӯзиши риёзиёт ва илмҳои дақиқ таваҷҷӯҳ надоштаанд. Нисфи онҳо гуфтаанд, ки азхудкунии ин фанҳо барояшон хеле душвор аст. Айни замон, майли бештари духтарҳои хостори таҳсил дар мактабҳои олӣ ба илми тиб зиёд будааст.

Агар Чин омада, чанд корхонаи саноатӣ ташкил кунад, магар инки мутахассисонашро ҳам бо худ биёрад. Ба худи мо чӣ шудааст, ки ба чунин ҳолат омода набошем?

Ин натиҷаи як таҳқиқотест, ки моҳҳои май-августи имсол дар миёни 100 духтари аз 12 то 17-сола ва волидону масъулини идораҳои маорифи ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон анҷом шудааст. Таҳқиқоти созмони “Савият ва адолат”, ки рӯзи 18-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа муаррифӣ шуд, бо ҳадафи муайян кардани мушкили духтарони мактабхон дар омӯзиши улуми дақиқ, ба мисли математика, физика, кимиё, биология ва технологияҳои нав сурат гирифтааст.

40 дар сади духтарони пурсидашуда ва сеяки волидон сабаби ба омӯзиши улуми дақиқ майл надоштани духтарҳоро дар душворфаҳм будани ин илмҳо рабт додаанд. Дар баробари ин, ҳар духтари панҷум гуфтааст, “фаҳмиши духтарҳо” дар илмҳои дақиқ “суст” аст. Муаллифони гузориш мегӯянд, чунин андешаҳо аз “муносибати волидон ва мактаб маншаъ мегирад”, ки мегӯянд, “духтар ҷинси латиф” ва “моли мардум” аст ва барои ҳамин ба “варзиши зеҳниву ақлӣ” ниёз надорад.

Маҳбуба Умарова
Маҳбуба Умарова

Маҳбуба Умарова, раҳбари ин таҳқиқот ва раиси созмони “Савият ва адолат”, гуфт, агар ҳадафи муҳими пажӯҳиши онҳо мушаххас кардани омилҳои майли ками духтарон ба омӯзиши улуми дақиқ ва таҳияи як махзани иттилоъ барои кор дар ин самт бошад, ҳадафи дигар талош дар тағйир додани ин бовару андешаҳост. Ӯ рӯзи 18-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон солҳои охир бо мушкили воқеии камбуди мутахассисон дар бахшҳои мухталифи марбут ба улуми дақиқ рӯбарӯ шудааст. Дар бархе мактабҳои деҳот омӯзгор намерасад, ки барои кӯдакони маҳаллӣ дарс диҳад ва корхонаҳои саноатие арзи ҳастӣ мекунанд, ки ба мутахассис ниёз доранд.

“Масалан, агар Чин омада, чанд корхонаи саноатӣ ташкил кунад, магар инки мутахассисонашро ҳам бо худ биёрад. Чаро бояд мутахассис ба давлати мо аз Чин биёяд? Ба худи мо чӣ шудааст, ки ба чунин ҳолат омода набошем?” – суол гузошт ӯ.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, дар як деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маълум шудааст, ки омилҳои мазҳабӣ ва ақидаҳои ифротӣ монеи таваҷҷӯҳ ба таҳсили кӯдакон мебошад, вале азбаски давлат таҳсилро шадидан назорат мекунад, онҳо ночор ҳастанд фарзандонро ба мактаб бидиҳанд. Аз сӯи дигар, омили мусбате, ки дар аксар манотиқи таҳқиқотӣ мушоҳида шудааст, ин дарки зарурати илму касбомӯзии духтарон аз ҷониби сокинони рустоҳои дурдаст аст. Маҳбуба Умарова гуфт, ҷолиб ин буд, ки зери бори мушкилоти иқтисодӣ ҳоло аксарият дарк мекунанд, доштани як арӯси босаводу соҳибкасб дар хона боис ба кумак дар пешбурди рӯзгор ва оила мешавад. Барои мисол, як арӯси ҳамшираи тиб метавонад даромади иловагии хонаводаро таъмин кунад.

Шумори ками занҳое, ки корашон дар Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ иртибот мегирад, дар бахши иқтисод, омӯзгорӣ ва бештар дар бахши тиб ҳузур доранд

Ӯ гуфт, зарурати ҷалби духтарон барои омӯзиши улуми дақиқ ҳам барои иқтисоди кишвар ва ҳам рушди шахсияти занони оянда лозим аст. “Нафаре, ки барои омӯхтани илмҳои дақиқ кӯшиш мекунад, фикраш таккон мехӯрад. Ҳангоми қабули қарор тасмими дуруст мегирад”, - афзуд Умарова.

Наргис, як сокини 20-солаи ноҳияи Вахш, мегӯяд, аз сифати таълим дар мактабаш розӣ нест ва шояд аз ҳамин хотир аст ки дар бораи илмҳои дақиқ тасаввуроти дуруст надорад. Ӯ мегӯяд, ёд надорад, ки боре аз фанни математика баҳои хуб гирифта бошад: “Ман аслан ба ин илмҳо шавқ надорам. Дӯзандагӣ мекунаму пуламро ҳар рӯз пайдо мекунам. Илми дақиқ душвор аст. Дар мактаб шароит дар синфхонаҳои кимиё ё география надоштем.”

Бархе мегӯянд, Наргис ва монанди ӯ духтарҳои дигар шояд гуноҳе надоранд, ки ба илмҳои дақиқ муҳаббат надоранд. Масъала дар тарзи дурусти тақдими ин фан дар мактаб ва кумаки ҷомеа, аз ҷумла волидону атрофиён аст, ки ин донишҳоро дар зеҳни духтарҳо сайқал бидиҳанд. Саломат Эмомқулова, омӯзгори математикаву физика дар як мактаби ноҳияи Носири Хусрав, мегӯяд, замони Шӯравӣ дар миёни ҳамсинфонаш танҳо нафаре буд, ки ин самти таҳсилро интихоб кард. Ӯ мегӯяд, бо андешаи инки таваҷҷӯҳи духтарон ба илмҳои дақиқ кам аст, розӣ нест. “Духтарон қобилияти хуб доранд”, - гуфт ӯ ва афзуд, “мушкил танҳо дар тарзи дурусти тақдими ин фанҳо дар мактаб ва вуҷуди ҳавасмандӣ барои омӯзиши ин илмҳо мебошад.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бахтиннисо Камолова, як ҷавондухтари дигари хатлонӣ, мегӯяд, илм наметавонад мардонаву занона бошад, чунки ҳеҷ фарқе дар зеҳни ин ду ҷинс вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд, мушкил дар ҷомеа аст, ки духтаронро аз хурдӣ дар имкониятҳои иҷтимоиашон маҳдуд мекунад ва агар нафаре аз онҳо хост, дар самти омӯзиши илм қадам гузорад, барои бисёр хонаводаҳо мисли чолиш қабул мешавад.

Шумори ками занҳое, ки корашон дар Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ иртибот мегирад, дар бахши иқтисод, омӯзгорӣ ва бештар дар бахши тиб ҳузур доранд. Нафарони камшумор ба илму таҳқиқот рӯ овардаанд. Бо инки 51 дарсади ҷомеаро занон ташкил медиҳанд, аз 19 ҳазор хидматчии давлатӣ тақрибан 4300 нафар ё беш аз 22 фоизи онҳо занону духтаронанд. “Аксари онҳо хатмкардаҳои риштаҳои гуманитарӣ мебошанд”, - мегӯянд ҷомеашиносон. Шумори нисбатан бештари занони донандаи илмҳои кимиёву биология – 65 дарсад дар соҳаи тиб кор мекунанд.

Зимнан, як пажӯҳиши ширкати компютерии Microsoft, ки дар Аврупо анҷом шудааст, собит мекунад, ки таваҷҷӯҳи духтарҳо ба фанновариҳову улуми дақиқ баъд аз 15-солагӣ кам мешавад, чунки дар ин син наздикон, дӯстон ва ҷомеа ба онҳо қолабҳои иҷтимоиро бор мекунанд, ки оянда зан ҳастанду бояд бо назардошти ин кор кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG