Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси атласу адрасбофӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуд


Дар кулли мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарси адрасу атласбофӣ, қолибофӣ ва пӯхтупаз ҷорӣ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми август ҳангоми сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ба Вазорати маориф ва илм дастур додааст, ки дарси бофандагӣ ва пӯхтупазро дар ҳамаи мактабҳо ҷорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, “супориш додам, ки дар тамоми мактабҳои мамлакат дарсҳои ҳатмии адрасбофӣ, атласбофӣ, қолибофӣ ва кадбонугӣ ва ё дарсҳои пӯхту пазро ба роҳ монанд.”

Ин дастури раиси ҷумҳур дар идомаи нигарониҳояш аз омода набудани духтарон ба зиндагии мустақил аст, ки ба гуфтаи ӯ сабаби азҳампошии хонаводаҳо мешавад.

Ташаббуси ҷорӣ кардани дарсҳои таббохӣ ва ресандагӣ аз вилояти Суғд маншаъ мегирад. Бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар аксар макотиби миёнаи шаҳру навоҳии ин минтақа танӯру оташдон насб карданд. Раёсати маорифи вилояти Суғд ахиран гузориш дод, ки дар мактабҳои вилоят 278 танӯр ва 509 дегдон насб шуда, 109 маҳфили қолибофию кашидадӯзӣ ва рӯзгордорӣ ташкил шудаанд.

Дарси бофандагӣ ва пӯхтупаз дар мактабҳои вилояти Суғд аз соли 2014 ба ин тараф барои хонандагони синфҳои 10 ва 11-ум таълим дода мешавад.

XS
SM
MD
LG