Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, сиккаи пайдошуда аз ҷайби Татяна Хужина, ки ахиран мунҷар ба баҳси додгоҳӣ шуд, дар ҳақиқат дорои қиммати таърихию фарҳангӣ мебошад. Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 16 август дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳои мутахассисони вазорат ба ин танга аз рӯи воқеият мебошад.
Додгоҳи Тоҷикистон парвандаи Хужинаро аз рӯи моддаҳои "омодагӣ ба содир кардани ҷиноят" ва "қочоқи мол тавассути гумрук" баррасӣ мекунад.
Ба таъкиди Муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон, “ин як адад сиккаи барои ташхис пешниҳодгардида дорои қиммати таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад ва мутахассисони вазорат аз рӯи воқеият ба он баҳо додаанд.”
Мурофиаи додгоҳии Татяна Хужина бо иттиҳоми қочоқи тангаи қадима рӯзи 7 август дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шуруъ шуд. Рӯзи 10 август баррасии парвандаи Хужина пушти дарҳои баста сурат гирифт ва хабарнигорон ба мурофиаи роҳ дода нашуданд. Худи Татяна Хужина рӯзи 16 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ наметавонад дар додгоҳ исбот намояд, ки тангаро бо худ аз Русия овардааст.
Хужина мегӯяд, “ман исбот карда наметавонам, ки тангаро аз Русия овардаам, зеро бояд зимни ворид кардан онро нишон медодам. Ҳамакнун мақомоти тоҷик даъво доранд, ки ин танга арзиши фарҳангию таърихӣ доранд ва барои дубора ба Русия бурдани он монеъ мешаванд.”
Татяна Хужина аз рӯи моддаҳои 32, қисми 2 ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҳокима мешавад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш, ӯро ҳукми аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ қазияи Татяна Хужинаро пайгирӣ дорад. Нахустин шуда дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин шаҳрванди Русия аз ҷониби мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошт шуд.
Татяна Хужина дар мурофиаи рӯзи 10 август аз суд хоҳиш кардааст, ки бо назардошти духтари ноболиғ доштанаш дар нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад.
Дар назар аст, ки мурофиаи навбатии қазияи Татяна Хужина рӯзҳои панҷшанбе ё ҷумъаи ҳафтаи равон баргузор шавад.