Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъдидини Рустам барои табобати қалбаш бистарӣ шудааст


Саъдидини Рустам
Саъдидини Рустам

Саъдидини Рустам, узви зиндонии раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, барои табобати бемории қалб дар шифохонаи мутааллиқ ба маҳбаси рақами аввали Душанбе бистарӣ шудааст. Ӯ тобистони соли гузашта бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Пайвандони Саъдидини Рустам рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бино ба ташхиси пизишкон феълан вазъи саломати ӯ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Билолиддин Рустамов – писари Саъдидини Рустам – гуфт, ҳафтаи гузашта масъулони Идораи зиндонҳо ба онҳо иҷозат доданд, то пизишки худро барои ташхиси падараш ба маҳбас баранд. “Ба мо иҷозат доданд, ки падарамро хабар гирем. Пизишки бурдаамон вазъи ӯро хуб арзёбӣ кард. Диламон пур шуд, ки ҳоло саломаташ беҳтар аст”, - афзуд ӯ.

Бори аввал аст, ки ба пайвандони як узви баландпояи зиндонии ҲНИТ иҷозат медиҳанд, то барои ташхиси наздикони худ аз берун табиб баранд. Соли гузашта пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода, узви дигари ин ҳизби мамнӯъ гуфта буданд, ки ӯ аз дарди қалб ранҷ мебарад, вале барояшон иҷоза надоданд, то аз берун пизишк ва дору бибаранд.

Як масъули Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ба табобат фаро гирифтани маҳбусон дар ин ниҳод раёсати махсуси тиббӣ амал мекунад. Ӯ гуфт, новобаста ба онки зиндониён бо кадом ҷурм ҳабс шудаанд, онҳо яксон бо табобат фаро гирифта мешаванд.

Саъдидини Рустам, узви пешини раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, тобистони соли гузашта дар қатори 12 мақоми дигари ҳизб ба зиндон маҳкум шуд. Он вақт гуфта буданд, ки Саъдидини Рустам ба 24 соли зиндон маҳбасӣ шудааст. Аммо наздиконаш рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси ҳалномаи Додгоҳи олӣ ӯ бист сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи Саъдидини Рустам ва аъзои дигари баландпояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 буд. Аммо ин афрод ҳангоми ироаи сухани охирини худ дар Додгоҳ ба бегуноҳии худ таъкид карда ва аз додгоҳ хоста буданд, ки нисбат ба онҳо ҳукми одилона содир кунад. Онҳо гуфта буданд, ки боздошташон сиёсист.

XS
SM
MD
LG