Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои амниятии Эрон Сосон Оқоиро боздошт карданд


Сосон Оқоӣ
Сосон Оқоӣ

Сосон Оқоӣ – муовини сардабири рӯзномаи “Эътимод” дар Эрон боздошт шудааст. То ҳол иттиҳоми алайҳи ӯ маълум нест.

Вебсайти “Калима” рӯзи 13-уми август навишт, Оқоӣ бегоҳи шанбе тавассути нирӯҳои амниятӣ дар маҳалли кораш дастгир шуд. Бино ба ин хабар, баъдан нирӯҳои амниятӣ манзили ӯро кофтукоб карда, Сосон Оқоиро ба зиндони Эвин интиқол додаанд.

Сосон Оқоӣ дар гузашта, соли 2009, баъди интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон дастгир шуда буд.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис мегӯяд, ки Эрон яке аз панҷ зиндони бузург дар ҷаҳон барои кормандони расонаҳост. Дар аввали моҳи август ҳамин созмон хабар дод, ки мақомоти Эрон даҳ журналист ва 17 хабарнигори мардумиро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG