Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф барканориашро "таҳқир"-райъдиҳандагон номид


Тӯдаи ҷонибдорони нахуствазири барканоршуда Навоз Шариф
Тӯдаи ҷонибдорони нахуствазири барканоршуда Навоз Шариф

Нахуствазири барканоршудаи Покистон Навоз Шариф шоми 9 август дар тазоҳуроти ҷонибдоронаш дар Равалпиндӣ қарори Додгоҳи Олиро дар заминаи лағви салоҳияташ "таҳқир"-и овоздиҳандаҳо номид. Додгоҳ салоҳияти нахуствазири пешин Навоз Шарифро барои боигариҳои пинҳонияш лағв кард.

Аз замони истеъфояш, бори аввал аст, ки Шариф қарори Додгоҳи Олиро дар мазҳари ом шарҳ дод. Бо бо ташкили раҳпаймоии ҷонибдоронаш аз Исломобод то Лоҳур пуртарафдор будани худро ба намоиш гузошт ва ин пайғомро дод, ки додгоҳ метавонад ӯро аз мақом барканор кунад, аммо натавонад нуфӯзашро бигирад.

Шариф гуфт ба ӯ иҷозат надоданд, ки даври сеюми раҳбарияшро ба поён расонад. "Ҳеҷ нахуствазирро нагузоштанд, ки даври раҳбариро охир бибарад ва ин шӯхӣ 70 сол боз такрор меёбад"- гуфт Навоз Шариф.

Додгоҳи олии Покистон рӯзи 28-уми июл ҳукм кард, ки Навоз Шариф дигар ҳаққи кор дар мақоми нахуствазириро надорад ва ӯро аз ин салоҳияташ маҳрум кард. Лаҳзаҳое баъд аз судури ин ҳукм, Навоз Шариф истеъфо дод.

Шариф ба даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам аст, ки решааш аз ифшогариҳои “Авроқи Панама” дар соли 2016 об мехӯрад.

XS
SM
MD
LG