Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI хонаи раҳбари ситоди Трамп дар ҷараёни интихоботро кофтукоб кард


Пол Манафорт - раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп 2016
Пол Манафорт - раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп 2016

Дар пасманзари идомаи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи Амрико, кормандони Хадамоти федеролии тафтишот- FBI хонаи Пол Манафорт- раиси пешини ситоди интихоботии Доналд Трампро кофтукоб карданд.

Нашрияи The Washington Post рӯзи 9 август бо такя ба манбаҳои наздик ба тафтишот гуфт, rb дар ҷараёни амалиёт кормандахони Хадамоти федеролии таҳқиқот аз хонаи Манафорт санадҳо ва маводеро мусодира карданд.

Нашрияи The New York Times бо нақл аз нафаре, ки қазияро медонад навштааст, ки кормандони FBI аз хонаи Манафорт гузоришҳои бонкӣ ва молиётро бо худ бурданд.

Сухангӯи Манафорт Ҷейсон Малонӣ ба матбуоти амрикоӣ тасдиқ кард, ки "кормандони федеролӣ дастури кофтукоби яке аз хонаҳои Манафортро амалӣ карданд."

Пол Манафорт дар заминаи эҳтимоли пайванди байни Русия ва Трамп буданаш, мавриди чанд бозҷӯӣ қарор дорад.

Ӯ моҳи августи соли 2016 баъди ошкор шудани муомилоти молиии бузургаш бо раиси ҷумҳури пешини Украина аз мақоми раҳбари ситоди интихоботии Трамп истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG