Бунгоҳи омӯзиши афкори умум ВТсИОМ, як созмоне, ки аз ҷониби давлати Русия сармоягузорӣ мешавад, мегӯяд, русҳо ба таври рӯзафзун аз Кремлин дигаргунӣ мехоҳанд, на эътидол.
Валерий Фёдоров, раҳбари бунгоҳи ВТсИОМ, дар ин бора рӯзи 8 август дар форуми Оҷонсии умури масоили ҷавонон назар дод.
Ӯ гуфт, назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки русҳо ба таври афзоянда дар бораи ояндаи худ номутмаин шудаанд ва "ҳавои иннқилобӣ" дар зеҳни онҳо баъди анҷоми бӯҳрон рӯ ба афзоиш дорад.
"Дар чунин мавридҳо мардум таҳаммулро аз даст медиҳанд ва бештар талаб мекунанд ва талаби дигаргунӣ маҳз дар ҳамин марҳила буруз кардааст", - гуфтааст Фёдоров.
"Ҳоло мубориза дигар на дар байни эътидол ва дигаргунӣ, балки тамоюл барои чигуна таъғирот, чигуна оянда ҷараён дорад" - афзуд ӯ.
ВТсИОМ, ки бисёр вақт натиҷаҳои дур аз воқеиятро пешниҳод мекунад, аз пойгоҳҳои муҳими омӯзиши афкори умуми Русия ба шумор меояд.
Шарҳи Фёдров дар ҳоле пахш шуд, ки Русия ба интихоботи президентии моҳи марти соли 2018 омодагӣ мегирад ва интизор меравад, ки президенти феълӣ Владимир Путин дар он иштирок мекунад ва пирӯз мешавад.