Пайвандҳои дастрасӣ

Путин дар солгарди оғози ҷанги Гурҷистон ба Абхозистон рафт


Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар солгарди оғози ҷанги Русияву Гурҷистон бо "сафари корӣ" ба Абхозистон рафт. Тавре "Интерфакс" рӯзи 8 август хабар дод, Путин дар он ҷо бо Раул Хадҷимба, раҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Абхозистон мулоқот анҷом медиҳад.

Ҷанги Русияву Гурҷистон 8 августи соли 2008 оғоз шуд. Даргириҳо панҷ руз идома доштанд. Гурҷистон дар ин ҷанг 412 нафар ва Русия 67 низомиашро аз даст дод. Дар натиҷаи ҷанг Русия ҷумҳуриҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ҳамчун "давлатҳои мустақил" ба расмият шинохт ва рӯзи 2 сентябр Тбилисӣ робитаи дипломатиашро бо Маскав қатъ кард.

Абхозистонро ҳамчун "давлати мустақил" ба ҷуз Русия чаҳор давлати ҷаҳон - Никарагуа, Венесуэла, Ҷумҳурии Наура ва Ҷумҳурии Вануата эътироф карданд. Созмони Милали Муттаҳид Абхозистонро бахши қаламрави Гурҷистон медонад. Сиёсатмадорони Гурҷистон мегӯянд, ки Русия ин порчаи хоки Гурҷистонро "ишғол" кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG