Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакерҳо сенарияи сериали "Бозии тоҷу тахт"-ро дуздиданд


Тамошои бахши ҳафтуми сериали "Бозии тоҷу тахт" дар Русия
Тамошои бахши ҳафтуми сериали "Бозии тоҷу тахт" дар Русия

Гурӯҳи рахнагаргони интернет, ё ҳакерҳо шабакаи телевизиони NBO-ро шикаста, якуним терабайт маълумотро дуздиданд ва акнун дар ивази он ҳудуди шаш миллион долларо бо биткоин талаб доранд ва он ҳам дар муддати се рӯз.

Ҷинояткорон ба маълумот дар бораи сериали "Бозии тоҷу тахт" (Игра престолов), мукотиботи кормандони шабакаи телевизион, рамзи убури почтаҳои электронӣ ва маълумоти хусусии баъзе ҳунармандон даст ёфтанд. Ҳакерҳо феълан баъзе бахшҳои ин сериалро дар интернет нашр карданд.

Раҳбарияти шабакаи телевизионии NBO мегӯяд, ки онҳо бо пулис ҳамкорӣ доранд ва рахнагарӣ бо миқёси бузург то ҳол мушоҳида нашудааст.

Рахна кардани шабакаи телевизион дар таърихи 8 август, дуюмин талоши ҷинояткорон аст. Маълумоти шикастани шабакаро ҳакерҳо рӯзи 31 июл нашр карданд. Он замон онҳо сенарияи як бахши сериали "Бозии тоҷу тахт"-ро нашр карданд, ки то ҳол ба намоиш надаромада буд. Намоиши бахши ҳафтуми сериал миёнаҳои моҳи июн оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG