Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав департасияи Алӣ Фирӯзро манъ кард


Хабарнигори "Новая гезета" Алӣ Фирӯз

Додгоҳи Маскав рӯзи 8 август татбиқи қарор дар бораи депортатсияи хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз ба Узбакистонро манъ кард. Алӣ Фирӯз ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия муттаҳам мешавад.

Депортатсияи журналист то анҷоми баррасии аризаи ӯ дар Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар татбиқ намешавад. "Тамоми ин муддат журналист дар маркази нигаҳдории паноҳандагон хоҳад буд", - омадааст дар қарори додгоҳ.

Алӣ Фирӯз рӯзи 1 август бо иттиҳоми нақзи қонуни муҳоҷират дар Маскав боздошт шуд. Як рӯз пеш аз ин ӯ аризаашро барои дархости паноҳадагии сиёсӣ дар Русия бозпас гирифт.

Рӯзи 1 август додгоҳи Басманний қарор кард, ки рӯзноманигор ба Узбакистон ихроҷ шавад. Алӣ Фирӯз мегӯяд, ӯ наметавонад ба Узбакистон баргардад, зеро дар ростои иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ қарор мегирад.

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG