Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Кличко аз бокс рафт


Владимир Кличко
Владимир Кличко

Муштзани маъруфи украинӣ Владимир Кличко дар 41-солагӣ аз бокс рафт. Кличко дар як муроҷиати видеоӣ ба мухлисонаш гуфт, ки баъди ин аз пайи пешбурди бренди хусусияш мешавад.

«Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки чунин корномаи тӯлонӣ ва муваффақи варзишӣ хоҳам дошт. Ман аз самими қалб ба ҳамаи шумо ташаккур мегӯям», - гуфт Кличко дар муроҷиати видеоии рӯзи 3-юми август ба мухлисонаш.

Истеъфои Кличко дар ҳоле эълон шуд, ки ӯ моҳи апрел дар даври 11-уми бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон аз Энтонӣ Ҷошуа, варзишгари 27-солаи Бритониё, шикаст хӯрд.

Виталий Кличко, бародари Владимир Кличко, ки ҳоло шаҳрдори Киев аст, дастпӯшҳои муштзаниро соли 2013 канор гузошт.

Корномаи варзишии Владимир Кличко соли 1996 замоне шурӯъ шуд, ки ӯ дар дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Афина медали тилло ба даст овард. Владимир Кличко аз 69 муҳориба дар 64-тоаш пирӯз шуда, унвонҳои қаҳрамонӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG