Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои Трамп ду ҳавопаймои "Трансаэро"-и Русияро мехарад


Ҳавопаймоҳҳои навъи Boeing 747-400 дар фурӯдгоҳи Внуковои Маскав

Нерӯҳои ҳавоии ИМА барнома доранд, барои раиси ҷумҳур ду ҳавопамоеро харидорӣ кунанд, ки бо дархости "Трансаэро"- ширкати ҳавоии Русия бунёд шуданд. Ин ширкат моҳи октябри соли 2015 муфлис шуд ва натавонист ҳавопаймоҳоро бигирад.

Шабакаи телевизионии CNN рӯзи 1 август бо такя ба манобеи худ гуфт, ки Вашингтон ба иллати гаронии нарх аз харидории ҳавопаймоҳои нав худдорӣ кард ва ба ҷойи ин, ба бозсохти ҳавопаймоҳои тавлидшуда тарҷеҳ дод. Нархи хариду фурӯш эълон нашудааст, аммо ба гуфтаи нашрияи Defense One, низомиёни амрикоӣ муомилоти судманд анҷом доданд.

Трамп ҳоло барои сафарҳояш аз ду ҳавопаймо истифода мекунад, ки 30 сол пеш тавлид шудаанд. Онҳо бояд то соли 2023-2014 бо ҳавопаймоҳои нав иваз шаванд.

Ширкати ҳавонавардии Русия "Росавиация" муҷаввизи "Трансаэро"-ро моҳи октябри соли 2015 ба иллати иштибоҳҳои асноди ширкат ва нотавонӣ дар падохти қарзҳо бекор кард.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG