Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон охири ҳафта бо Лавров мулоқот мекунад


Рекс Тиллерсон, котиби давлатии Амрико
Рекс Тиллерсон, котиби давлатии Амрико

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон хабар дод, ки ният дорад, охири ҳафта, рӯзҳои 5-6-уми август бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот кунад.

Тиллерсон дар ин бора рӯзи 1-уми август хабар дод ва гуфт, ки "равобити Вашингтону Маскав фишорҳои қобили мулоҳизаро таҷриба мекунад". Тиллерсон гуфт, дар бунёди шароит барои гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, Амрико бо Русия ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.

Ба гуфтаи Тиллерсон, Вашингтон ҳоло низ бовар дорад, ки президент Башор Асад дар Сурия оянда надорад ва ҷангиёни ироқӣ, ки ба ҷонибдорӣ аз Асад алайҳи шӯришгарони Сурия меҷанганд, бояд ба кишвари худ баргарданд.

Сарфи назар аз талошҳои Москва барои коҳиши ҳайати дипломатии ИМА, дар посух ба таҳримҳои нав, Тиллерсон гуфт, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида ҳамоно дар мубориза бо терроризм манофеи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG