Пайвандҳои дастрасӣ

WSJ: Ду ниҳоди Амрико тарҳи мусаллаҳ кардани Украинаро пешниҳод доранд


Раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко бо раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис. Рӯзи 20-уми июни соли 2017

Вазорати дифоъ ва Департаменти давлатии Амрико барномаи бо мушакҳои зиддитонкӣ, системаи дифои ҳавоӣ ва силоҳҳои дигар таъмин кардани Украинаро ба Кохи сефед пешниҳод карданд. Гуфта мешавад, ин силоҳҳо танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода хоҳанд шуд.

Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 31-уми июл гузориш дод.

Силоҳҳои эҳтимолӣ, ба гуфтаи мақомоти низомӣ ва дипломатҳои Амрико, хусусияти дифоӣ доранд ва ба тонку силоҳҳои замонавӣ, ки Маскав ба ҷудоихоҳони Украина медиҳад, муқовимат хоҳанд кард.

Дар аҳди президент Обама Вашингтон кумак ба Украинаро бо силоҳҳои ғайри марговар маҳдуд карда буд ва, инчунин, низомиёнашро таълим медод.

Як мақоми баландпояи маъмурияти раиси ҷумҳури Амрико ба нашрияи The Wall Street Journal гуфт, дар ҷаласаи ҳафтаи гузашта, ки ба Русия рабт дошт, масъалаи содироти силоҳ ба Украина матраҳ набуд. Президент Доналд Трамп дар бораи пешниҳоди таъмини Украина бо силоҳҳои ҷангӣ маълумот надорад ва мавқеи ӯ дар ин робита мушаххас нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG