Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба "Гургҳои шабгард" бензинпулӣ надод


Александр Залдостанов, узви тими "Гургҳои шабгард"
Александр Залдостанов, узви тими "Гургҳои шабгард"

Дар панҷ соли ахир аввалин бор Кремлин аз кумаки молӣ ба клуби дучархасаворони машҳур бо номи “Гурҳои шабгард” худдорӣ кард. Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” рӯзи 31-уми июл иттилоъ дод.

“Гургҳои шабгард” барои дарёфти маблағ аз буҷаи давлати Русия се дархост фиристоданд, вале ду дархост ба далели мувофиқат накардан ба шартҳои озмун рад шуд. Як дархостҳои дигар низ барои баргузории “Арчаи солинавии кӯдакона дар маркази Дучарха” қабул нашуд.

“Гургҳои шабгард” мехостанд, ки барои онҳо ҷамъан беш аз 15 миллион рубли русӣ ҷудо шавад. Раҳбарии Кумитаи ҳамоҳангсозро, ки дархости грантҳоро баррасӣ мекунад, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Русия Сергей Кириенко ба дӯш дорад.

Кумитаи ҳамоҳангсоз сабаби рад шудани дархостро шарҳ надодааст.

Раҳбари клуби “Гургҳои шабгард” Александр Золдостанов, яке аз роҳбарони ҳаракати рӯ ба Кремл – “Антимайдон” шумурда мешавад. Клуби мототсиклронҳо аз 2012 ба ин тараф аз буҷаи президент Владимир Путин 60 миллион рубли русӣ дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG