Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энтони Скарамуччӣ дар Кохи Сафед танҳо 10 рӯз кор кард


Мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи Сафед Энтони Скарамуччӣ
Мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи Сафед Энтони Скарамуччӣ

Доналд Трамп, президенти Амрико, Энтони Скарамуччӣ – мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи Сафедро аз мақомаш барканор кард. Дар ин бора Кохи Сафед изҳорот дод.

“Скарамуччӣ аз мақоми мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи Сафед канор меравад. Ба назари ӯ, беҳтар аст, ки ба раиси нави дастгоҳ Ҷон Келлӣ имкон дода шавад, то корро аз нав оғоз ва тими худро ташкил кунад”, - омадааст дар изҳорот.

Пештар нашрияи The New York Times бо истинод ба се манбаи худ аз истеъфои Скарамуччӣ хабар дода буд. Скарамуччӣ чанд соат баъд аз маросими савганди Ҷон Келлӣ ба ҳайси раҳбари нави дастгоҳи Кохи Сафед истеъфо дод.

Нашрияи "Политик" иттилоъ дод, ки Скарамуччӣ бо дархости Келлӣ аз мақомаш барканор шуд. Ӯ ҳамагӣ 10 рӯз дар мақоми мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи Сафед кор кард.

Ҳафтаи гузашта Скарамуччӣ баробари таъйин шуданаш ба ин мақом як қатор мансабдорони баландпояи Кохи Сафед, аз ҷумла раиси пешини дастгоҳи президент Рейнс Прибусро интиқод кард. Прибус баъдан истеъфо дод ва ба ҷояш Келлӣ таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG