Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эрон яке ҳам қабул нашуд"


Тоҷикистон 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эронро барои истифода ё корбурд дар забони тоҷикӣ напазируфтааст. Ин вожаҳо соле қабл, ҳангоми баргузории як нишаст дар Душанбе, аз тарафи Теҳрон ба Тоҷикистон супурда шуда буд.

Гавҳар Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон – рӯзи 31-уми июл гуфт, ин калимаҳо соҳавӣ, бахусус марбути бахши тиб ҳастанд. “То имрӯз аз ин вожаҳо ягон чиз дар забони тоҷикӣ бевосита дар истифода қарор надорад. Ҳоло гурӯҳи корӣ дар ин самт кор мекунанд”, - афзуд ӯ.

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтанд, Тоҷикистон ба ҳамаи ин вожаҳо эҳтиёҷ надорад ва дар сурати ҳатто қабул шудани як қисми он, меъёри истифодаи онҳо дар забони тоҷикӣ ҳатмӣ нест.

Саодатшо Матробиён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, “масалан, ҳоло ҷилди якуми вожаҳои эронӣ таҳия шудааст, ки вожаҳои соҳаи тибро фаро мегирад. Мо худамон фарҳанги тиббӣ дорем, ки аз ҷониби мутахассисон дар асоси осори классикон таҳия шудааст. Ин ҳазорвожаи эронӣ танҳо як ёрирасон аст ва ба ихтиёри мутахассисон аст, ки оё мехоҳанд аз он истифода баранд, ё не. Яъне, ин ҳатмӣ нест.”

XS
SM
MD
LG