Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мардуми Молдова бар зидди қонуни интихобот


Тазоҳурот дар Кишинев
Тазоҳурот дар Кишинев

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Молдова ба зидди ислоҳи қонун дар бораи интихобот тазоҳурот карданд. Онҳо мегӯянд, қонунро барои таҳкими нуфузи ду ҳизби умдаи сиёсӣ дар Молдова тағйир додаанд. Тазоҳургарон рӯзи 30-уми июл бо раҳпаймоӣ дар назди бинои порлумон нест бод диктаторӣ ва дуздҳо шиор медоданд.

Баъди онки порлумони Молдова рӯзи 27-уми июл қонун дар бораи интихоботро тағйир дод, дар кишвар чанд тазоҳурот сурат гирифт. Бар асоси ин қонун, меъёри раъй барои вуруд ба порлумон камтар мешавад, ҳавзаҳои иловагии интихоботӣ таъсис меёбад ва довталабон ҳам бояд дороиашонро ошкор кунанд.

Ба гуфтаи мунтақидон, ҳадаф аз тағйири қонун, берун кардани ҳизбҳои хурд аз порлумон ва таҳкими нуфузи Ҳизби демократӣ ва Ҳизби сотсиалистии Молдова аст, ки аввалӣ аврупогаро ва дуввумӣ тарафдори Русия мебошад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам тарҳи ислоҳшудаи қонунро танқид кардааст. Интихоботи ояндаи порлумонии Молдова соли 2018 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG