Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавобгарӣ барои шикастани қасам ба раиси ҷумҳур ниҳоӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои тарҳи иловаҳо ба қонун «Дар бораи ҳукумат» ризоият дод, ки аъзои он барои шикастани қасам ё савганди садоқат ба президент ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шаванд. Ин бахши қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон» моҳи майи имсол аз тарафи вакилони порлумон тасвиб шуда, аз 18-уми июл мавриди иҷро қарор гирифтааст. Нусхаи он рӯзи 29-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон соли гузашта қасам ё савгандро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар эътироф кард.

Дар қонун дақиқ гуфта нашудааст, ки ҷавобгарии интизомӣ аз чӣ иборат хоҳад буд. Аммо ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ҷавобгарии интизомӣ аз огоҳӣ, танбеҳ ва барканорӣ аз мақом иборат аст. Як вакили порлумони Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷазоро худи раиси ҷумҳур таъин мекунад ва ӯ тасмим мегирад, ки бо нафари муттаҳам ба шикастани қасам чӣ хоҳад кард.

Аммо як паҳлӯи дигари норӯшани ин қонун меъёри шикастани қасам аст. Яъне, кӣ ва дар чӣ ҳолат мушаххас хоҳад кард, ки як аъзои ҳукумат савганди садоқат ба раиси ҷумҳурро шикастааст?

Тобистони соли 2016 дар Тоҷикистон шеваи шурӯи кори мақомдорони баландпоя барои ҳамаи ҳабдаҳ вазиру раисони кумитаҳои давлатӣ тағйир ёфт. Аз ин ба баъд онҳо муваззафанд, ки ба номи раиси ҷумҳур савганд ёд кунанд. Мақомот мегӯянд, шадидтар шудани назорат аз рӯи фаъолияти мақомоти баландпоя барои беҳбуди кор равона шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, ҳосили кори аъзои ҳукуматро на аз рӯи қасам ба раҳбар, балки тавону ҳирфаияташ чен кард.

Гузашта аз ин, ба қавли коршиносон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бояд дар муқобили иштибоҳҳои вазиронаш, аз қабили бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа, хунукназарӣ, фасодкорӣ ва непотизм серталаб бошад ва ин пайғомро ба ҷомеа расонад, ки мақомро танҳо кормандони ҳирфаӣ ва соҳибкасб сазовор мешаванд.

Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ дар ин замина ба таҷрубаи Сингапур таъкид карда буд. Ӯ гуфт, “то замоне ки ба ҷавобгарӣ накашанд, таъсири қонун ончунон, ки интизор меравад, дар амал татбиқ намегардад. Дар таърихи таҷрибаи кории ҳукумати Тоҷикистон борҳо шоҳиди он будем, ки раиси ҷумҳур бо Қуръон баъзе мансабдоронро қасам медод, вале ҳеҷ натиҷае набуд.”

Дар гузашта, дар соли 2006, танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қонунӣ шуда буд.

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад.

Соли гузашта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ қасам ё савгандро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар эътироф кард. Муаллифони "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон" гуфтанд, ки сокинони кишвар асосан бо қасам хӯрдан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набудани худро собит мекунанд.

Ҳоло дар баробари аъзои ҳукумати Тоҷикистон вакилони порлумон низ ба номи мардум қасад ёд мекунанд. Дар гузашта, дар соли 2006, танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қонунӣ шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG