Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти вазирони тоҷик барои шикастани савганд ба раиси ҷумҳур


Аз ин ба баъд вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон барои шикастани савгандашон ба раиси ҷумҳур ба ҷавобгарии интизомӣ кашида хоҳанд шуд. Ҳамчунин, тибқи тағйирот ба қонун “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аъзои ҳукумат муваззаф шуданд, ки дар эъломия амволу дороиҳои хонаводаи худро низ зикр кунанд. Ин иқдом навъи боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз коррупсия дар сохторҳои давлатӣ унвон шудааст.

Хизматчии давлатии савгандшикан муҷозот мешавад

Бар асоси тағйироту иловаҳое, ки рӯи чоршанбеи 17 май дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид, аъзои ҳукумат барои шикастани савганд ба раиси ҷумҳур, муҷозоти интизомӣ хоҳанд шуд.

Аз ин ба баъд вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон барои шикастани савгандашон ба раиси ҷумҳур ба ҷавобгарии интизомӣ кашида хоҳанд шуд.

Амрихудои Дамдор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки тарҳи ислоҳи ин санади ҳуқуқиро дар иҷлосияи парлумон муаррифӣ мекард, гуфт, ин тағйирот ҷузъе аз 41 тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар аст, ки рӯзи 22 маи соли гузашта аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардид. Бар асоси ин тағйирот, аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ барои садоқат ба президент ва вакилони парлумон ба мардуми Тоҷикистон, савганд ёд мекунанд.

Вай гуфт: “Дар иртибот ба ин тағйирот имрӯз, 17 май дар иҷлосияи парлумон ба моддаи 8-и Қонуни конститутсионии “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” сархати нав илова гардид, ки тибқи он, агар аъзои ҳукумат савганд ба президентро вайрон кунанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Ин ҷавобгарии интизомӣ буда ва намудҳои ҷазо дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ мушаххас хоҳад шуд”.

Порлумони Тоҷикистон охири моҳи июли соли гузашта шеваи кори ҳабдаҳ вазиру раиси кумитаҳои давлатиро тағйир дод ва онҳо муваззаф шуданд, ки ба номи раисиҷумҳур савганд ёд кунанд. Аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар ин савганди худ ваъда медиҳанд, ки тамоми нерӯяшонро барои рушд ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сарф хоҳанд кард.

Парлумони Тоҷикистон авохири моҳи июли соли гузашта шеваи оғози кори ҳамаи ҳабдаҳ вазиру раисони кумитаҳои давлатиро тағйир дод ва онҳо муваззаф шуданд, ки ба номи сарвари давлат савганд ёд кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз раиси ҳукумат, сарвазир, се муовини сарвазир ва 17 вазиру раиси кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.

Дар матн, аз ҷумла, ваъда мешавад, ки мақомдор “бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунад”.

Дар кишварҳои узви ИДМ бо шумули Русия Украина ва ҳатто ҳамсоякишвари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳамсола эъломияи дороӣ ва молу мулки мансабдорон дар моҳи апрел нашр мешавад.

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Коршиносон он замон гуфта буданд, ки ҷорӣ кардани муқаррароти қасамёдкунӣ гӯё ба маънои болотар аз қонун будани ваъдаи мақомдор ба хизмати содиқона дар пеши раҳбари давлат аст.

Аммо бо ин ҳам коршиносон ба муассир будани чунин савгандёдкуниҳо чандон хушбин нестанд. Зеро ба иддаои онҳо, савганд шикастан дар ҷомаеи тоҷик як амри маъмулӣ шудааст, ки ҳамарӯза ба чашм мехӯрад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил мегӯяд: “Агар хоҳем, ки дарки масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар сатҳҳои мухталиф бештар бошад, онҳо пеш аз ҳама масъулияти худро дар назди халқ эҳсос кунанд, зеро халқ муайянкунандаи сатҳу сифати кори ҳукумат аст. Барои фаъолияти шаффоф ва дарки масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бояд интихобот дар Тоҷикистон озоду боадолатона бошад, бисёрҳизбӣ ва рақобати ҳизбӣ ба назар расад, озодии баён ва фаъолияти озоди нашрияҳо таъмин шавад ва ҳокимияти иҷроияю системаи судӣ таҳти назорати ҷиддии парлумон қарор гирад. Таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳад, ки савганд ёд кардан ба президент ба беҳбуди фаъолияти аъзои ҳукумат мунҷар нашуд”.

Ба гуфтаи вай, низоми давлатдории Тоҷикистон дар Конститутсия «на монархия, балки ҷумҳурӣ» унвон шудааст. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад мебуд, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлат на ба президент, балки ба халқ ё ватан савганд ёд мекарданд. Заминаи ҳуқуқии ин гуфтаҳо аз моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки дар он “халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ” арзёбӣ шудааст.

“Амволи хонаводаи аъзои ҳукумат эъломия шавад”

Ҳамчунин, дар иҷлосияи рӯзи 17 маи парлумон ба моддаи 11-и Қонун “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйироти дигар ворид шуд. Қаблан ҳар аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ ҳамасола дар бораи даромади молу амвол эъломия пешниҳод мекарданд. Ҳамакнун на танҳо аъзои ҳукумат, балки даромади аҳли хонаводааш, яъне, ҳамсар, фарзандон ва пайвандоне, ки бо ӯ якҷо зиндагӣ карда ва кор мекунанд, дар эъломия зикр хоҳад шуд.

Дар иҷлосия таъкид шуд, ки тарзи таҳия ва пешниҳоди эъломия дар Кодекси андоз ва қонун дар бораи коррупсия мушаххас шуда ва онро ҳар ниҳоди давлатӣ, ки ба он пешниҳод мешавад, ҳуқуқ дорад тафтиш кунад. Ҳадаф аз ин тағйирот, баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ ва пешгирӣ аз коррупсия дар сохторҳои давлатӣ унвон гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз якуми августи соли 2005 ҳамаи хизматчиёни давлатиро вазифадор карда буд, ки ҳар сол даромад ва дороии худро эълон кунанд. Чанд сол пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёме аз ҳамаи мансабдорони давлат хоста буд, даромади солонаи худро ошкор намоянд. Ин даъват бисёриҳоро умедвор карда буд, ки вазирону раисон ва вакилону сардорон бо эъломи моликияти худ ба шаффофияти фаъолияти хеш таъкид хоҳанд кард. Аммо ин тавр нашуд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои узви ИДМ бо шумули Русия Украина ва ҳатто ҳамсоякишвари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳамсола эъломияи дороӣ ва молу мулки мансабдорон дар моҳи апрел нашр мешавад. Дар заминаи ин маълумот мақомоти қудратии ин кишварҳо аз пайи ҷустӯҷӯи манбаи бархе аз сарватҳои ҳангуфти мансабдорон низ мешаванд.

Тағйирот ба қонун дар заминаи масъулиятҳои мақомдорони давлатӣ дар шароите мегузарад, ки як моҳи охир матбуот дар бораи боздоштҳои ходимони сбиқи Оҷонсии зидди фасод бо гумони даст доштан дар ришвату фасод хабарҳо пахш мекунанд. То ҳанӯз мақомоти давлатӣ ин қазияҳоро расман шарҳ надодаанд, вале аз рӯи иттилои дарёфтӣ, 7 корманди масъули ин сохтор боздошт шуда масъулони дигар мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG