Пайвандҳои дастрасӣ

Ғаффор Мирзоев: "Хиёнат ба давлат" – гуноҳест, ки журналистон бофтаанд. ВИДЕО, САДО


Ғаффор Мирзоев

Ғаффор Мирзоев, замоне яке аз бонуфузтарин генералҳои тоҷик, гуфтааст, иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз журналистон домангир шудааст, ки ин айбро ба гардани ӯ бор кардаанд. Ғаффор Мирзоев аз дохили зиндон паём додааст, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат” айбдор нашудааст.

Видеои хоҳари бузурги Ғаффор Мирзоев:

Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифта буд. Аммо дар ҳукми додгоҳ дар бораи хиёнат ба ватану давлат ҳеҷ ҳарфе вуҷуд надорад.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 31-уми май паёми бародари зиндониашро ба Радиои Озодӣ расонд. Ғаффор Мирзоев дар ин нома аз ҷумла навиштааст: "Шумо хуб медонед, ки ман ҳеҷ вақт ба халқи худ ва Ватани худ хиёнат накардаам. Дар соли 1992-ум ҷони худро дар хатар монда, байни ду майдон даст ба гуруснанишинӣ зада будам, то миёни ин ду майдон хунрезӣ нашавад. Дар вазифаи фармондеҳ буданам барои тинҷиву оромӣ хизмат кардам. Чанд исёне, ки Маҳмуд Худойбердиев кард, ҷони худро дареғ надошта онро пахш кардам."

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Генерали зиндонӣ ба ин ҳол афтоданашро "кори дасти чанд дасисабозу ҳасадхӯр" номидааст, ки ба қавли ӯ пешрафташро чашми дидан надоштанд.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, гуфт, ахиран бо бародараш дар зиндон дидор дошт ва барои расондани ин дархости ӯ ба расонаҳо муваззаф шуд. Ӯ гуфт, "ҳамин баҳор хабарнигоре занг зада, аз ман пурсид, ки саломатии Ғаффор Мирзоев чӣ гуна аст? Ман барояш гуфтам, ки вазъаш хуб аст ва танҳо чанд дандонаш рехтааст. Аммо дар расонаҳо хабарҳо пахш шуданд, ки гӯиё чашмонаш азият медиҳанд ва Ғаффор ба айби хиёнат ба ватан ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Вале ин дуруст нест, вай саломат аст ва ҳаргиз ба ватан хиёнат накардааст."

Оиша Мирзоева
Оиша Мирзоева

Мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев, ки соли 2004 боздошт шуд, тахминан ду сол давом кард ва дар ин муддат додгоҳ 34 моддаи ҷиноиро баррасӣ кард, ки Мирзоев дар нақзи он гумонбар дониста мешуд. Дар марҳилаи баррасии парвандаи Мирзоев соли 2005 ба парвандаи ӯ мӯҳри махфӣ зада шуд ва мақомот он замон гуфтанд, ки барои берун нарафтани сирри тафтишот ва ҳам вуҷуди матолибе, ки марбут ба фаъолияти Горди президентӣ будааст, додгоҳ пушти дарҳои баста ҷараён мегирад.

Ҷамила Комилова, вакили дифои Ғаффор Мирзоев, низ рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, генерали собиқ тибқи 28 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла қатли як нафар, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва ҳамчунин талош барои табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Комилова афзуд, "мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифта буд. Аммо дар ҳукми додгоҳ дар бораи хиёнат ба ватану давлат ҳеҷ ҳарфе вуҷуд надорад. Ин иштибоҳи расонаҳо мебошад."

Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст.

Зимнан, талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо Зафар Азизов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки 12 августи соли 2006 баъд аз ду соли боздошти Ғаффор Мирзоев бидуни ҳузури хешовандони маҳкумшуда ва хабарнигорон ҳукми генерали собиқро эълон кард, бенатиҷа анҷом ёфт. Азизов феълан низ ба унвони додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Оиша Мирзоева ҳамчунин хабар дод, ки ҳарчанд вазъи саломатии додараш дар зиндон хуб аст, аммо муроҷиатҳои бамаротиби хаттии ӯ зоҳиран ба дасти раиси ҷумҳурӣ намерасанд. Вай гуфт, ки додараш ҳамчунон ба давлати Тоҷикистон эътиқод дорад ва танҳо мехоҳад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар шароити будубошаш дар зиндон бозбинӣ шавад. "Зеро вай дар як утоқ ҳамроҳ бо се нафар аз мухолифони собиқи давлати Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва дар ин замина миёни онҳо пайваста моҷаро рух медиҳад", - афзуд ӯ.

Дар гузашта муроҷиатҳои Мирзоев барои бозбинӣ шудани парвандааш ҳам беҷавоб мондааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи Оиша Мирзоева, додараш дар ин муддат талош кард, бархе хотироти худро аз ҳаводиси солҳои 1990-ум рӯйи коғаз биёрад, вале ин навиштаҳо аз ҷониби маъмурони зиндон мусодира шудаанд.

Вай гуфт, дар ҳар дидорбинӣ бо додараш, ки дар ним сол як дафъа сурат мегирад, Ғаффор Мирзоев аз хоҳараш дархост мекунад, ки садоқати худро ба давлату ҳукумат нишон диҳад. Ба гуфтаи вай, худи Ғаффор Мирзоев дар солҳои фаъолияташ дар сохторҳои қудратӣ рӯйи китоби Қуръон ба садоқат ба Эмомалӣ Раҳмон қасам хӯрда ва ин қавли худро ҳамеша ҳифз кардааст.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтанаш, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ (аз соли 1995 то 2004), раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ғаффор Мирзоев ихтисоси ҳуқуқшиносиро тамом карда, як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм намудааст. Вай дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд.

Ӯро ниҳодҳои интизомии кишвар дар августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ соли 2006 ба ҳабси абад маҳкум кард. Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 12 августи соли 2006 гуфта буд, ки Ғаффор Мирзоев дар 100 ҷиноят даст дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG