Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори севум қасам ёд кард. ВИДЕО


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои севумин бор ба ҳайси раиси ҷумҳури Туркманистон қасам ёд кард. Ин маросим рӯзи 17 феврал дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, баргузор шуд. Бердимуҳаммадови 59-сола рӯзи 12 феврал дар интихоботи президентӣ бо дарёфти беш аз 98 дар сади раъйи интихобкунандагон баранда эълон гардид. Бо ӯ барои дарёфти ин курсӣ ҳашт тани дигар рақобат доштанд.

Ҳарчанд Кумисюни марказии интихоботи Туркманистон гуфт, ки 97 дар сади афроди қобили раъй ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтанд, вале манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки теъдоди ками раъйдиҳандагон дар қитъаҳо мушоҳида шудаанд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки аз замони эълони истиқлоли Туркманистон дар соли 1991 ҳамаи интихоботҳо дар ин кишвар озоду одилона набудаанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов савганд ёд кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:23 0:00

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG