Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон то охири сол ба лотинӣ мегузарад


Вазири маориф ва илми Қазоқистон Ерлан Сагадиев 26 июл дар нишасти хабарие дар Остона гуфт, ки алифбои ягонаи забони қазоқӣ то охири сол қабул хоҳад шуд. Вай афзуд, комисияи махсусе, ки 13 апрел ташкил шуда буд, ба сохтани гузинаи "қобили қабул"-и алифбо дар асоси ҳуруфи лотинӣ машғул аст.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки то соли 2025 ҳуҷҷатҳо ва номгузории кӯчаҳо ба хатти лотин баргардонида шавад. Бархе аз коршиносон ин иқдомро талоше барои тақвияти эътибори фарҳанги қазоқӣ ва фосила гирифтан аз нуфузи Русия медонанд.

Тағйири навбатии алифбо дар ҳолест, ки наздик ба 80 сол пеш Қазоқистон ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шӯроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотин ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик табдил дод.

XS
SM
MD
LG