Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "РусГидро" намехост барои мо ГЭС бисозад


ГЭС-и "РусГидро" дар Норин
ГЭС-и "РусГидро" дар Норин

Ширкатии саҳомии "РусГидро" рӯзи 25-уми июл дар робита ба сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои Норини боло изҳорот пахш кард.

Ширкат ба ин назар аст, ки нашри хабар ва изҳори назарҳо аз ҷониби шарикони қирғизаш, ба вижа президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва раиси кумитаи давлатии саноату энержии ин кишвар Дуйшенбек Зилолиев дар робита ба "РусГидро" ва сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои Норини боло ғайри қобили қабул аст.

"РусГидро" мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳоро қатъ мекунад. Ба ҳамин далел, даъвоҳои ҷониби Қирғизистон, ки мегӯянд, ширкат масъулиятҳояшро иҷро накард, комилан беасос аст.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 24-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ӯ ва президенти Русия бовар ҳосил карданд, ки ширкати русӣ ният надошт, силсилаи нерӯгоҳҳои Норини болоро бунёд кунад ва ба сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота даст занад.

Ҳукуматҳои Русия ва Қирғизистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳо соли 2012 шартнома имзо карданд. Тибқи шартнома, ширкати "РусГидро" бояд нерӯгоҳҳоро месохт. Аммо баъд аз қатъи корҳо дар соли 2015 Қирғизистон шартномаро бо Русия бекор кард ва ҳоло бояд ба Русия 37 миллион доллар пардозад. Пардохти ин маблағро ширкати чехии Liglass Trading CZ ба зимма гирифт. Ширкати мазкур 10 нерӯгоҳи хурд ва силсилаи нерӯгоҳҳои Норини болоро дар Қирғизистон месозад.

XS
SM
MD
LG