Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз Русия маҷмаи зиддимушакии S-400 мехарад


Маҷмаи зиддимушакии S-400
Маҷмаи зиддимушакии S-400

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон расман эълон кард, ки Туркия ва Русия 25-уми июл созишномаи хариди пойгоҳи зиддимушакии S-400-ро имзо карданд. "Бо хости Худо мо мушакҳои S-400-ро дар кишвари худ хоҳем дид ва якҷоя истеҳсол хоҳем кард", - гуфт ӯ дар хитоб ба вакилони порлумони Туркия.

Хабаргузории Bloomberg миёнаҳои моҳи июни имсол навишт, ки ин созишнома 2,5 миллиард доллар арзиш дорад.

Раҳбари Хадамоти федеролӣ оид ба ҳамкориҳои техникиву ҳарбии Русия Дмитрий Шугаев тасдиқ кард, ки ҳафтаи гузашта намояндагони Маскав ва Анкара дар толори ҳавоии "МАКС" дар робита ба хариду фурӯши S-400 гуфтугӯ карданд. "Тасмимҳои асосӣ гирифта шуданд", - афзуд ӯ.

Пентагон ҳафтаи гузашта Анкараро ҳушдор дод, ки S-400 ба техникаи низомии НАТО, ки Туркия аз он истифода мебарад, мувофиқат намекунад. Эрдуғон дар посух гуфт, Юнон, ки узви НАТО аст, муддатҳост аз ЗРК С-300-и русӣ истифода мекунад ва низомиёни ӯ бо мушкиле рӯбарӯ нестанд.

XS
SM
MD
LG