Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 78 вебсайти "экстремистӣ" масдуд шуд


акс аз бойгонӣ

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 78 сайт ё сомонаи хабарӣ, ки ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ “ба тарғиби идеяҳои экстремистӣ” машғул буданд, масдуд шудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 21 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба манзури муқобила бо сомонаҳои ифротӣ дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ду сохтори ҷадид таъсис шудааст. Ин сохторҳо дар нисолаи аввали соли ҷорӣ 137 ҷиноятро дар ин замина ошкор кардаанд.

Ба гуфтаи вазири ВКД, ҷалби ҷавонон аз тариқи шабакаҳои Интернет ба як мушкили ҷиддие табдил шуда ва ин масъала дар нишасти сарони Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар шаҳри Душанбе ва музокироти дуҷонибаи вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Ҳамзамон ҷаноби Раҳимзода гуфт, ки дар соли ҷорӣ раванди гароиши ҷавононон ба гурӯҳҳои террористию ифротгаро дар кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёфта, дар шаш моҳ соли ҷорӣ 13 нафар довталабона аз Сурия ва Ироқ ба ватан баргаштаанд. Дар соли гузашта теъдоди бозгаштаҳо 70 нафар будааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки афроди довталабона аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба ватан бозгашта аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд.

Тоҷикистон гуфтааст, ки дар қаламравҳои Сурияву Ироқ беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд. Сарнавишти аксари онҳо на барои мақомот ва на хешовандонашон маълум нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG