Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: ҳамла ба хабаргузории Қатарро эҳтимол Абу Дабӣ анҷом дод


Доҳаи Қатар
Доҳаи Қатар

Ҳамлаи ҳакерӣ ба хабаргузоррии давлатии Қатар -Qatar News Agency -ро эҳтимолан Иморати Муттаҳидаи Араб анҷом дод. Дар ин бора нашрияи маъруфи The Washington Post бо такя ба истихбороти Амрико гузориш дод. Ба маълумоти ин нашрия, ҳамла ба хабаргузоррӣ дар баррасии ҳукумати Иморати Муттаҳидаи Араб буд, аммо маълум нест, кӣ онро татбиқ кард.

Охири моҳи май Qatar News Agency мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифт. Он замон дар саҳифаи оҷонсӣ аз номи сарвари давлати Қатар ва вазири умури хориҷии ин кившар дар бораи равобити хуб бо Исроил, робитаи тира бо Ийолоти Муттаҳида ва бозхонди сафирони қатарӣ аз кишварҳои Халиҷи Форс хабар пахш шуд. Ба гуфтаи шабакаи телевизионии CNN дар ин ҳамла эҳтимолан ҳакерҳои Русия даст доранд. Кремлин ин хабарро "дурӯғ" эълон кард.

Авоили моҳи июн Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср Қатарро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам карданд, робитаи дипломатро буриданд ва Доҳаро ҷиддан ҳушдор доданд. Баъдан ба "бойкот" кишварҳои дигари арабӣ, аз ҷума Яман, Либиё ва Малдив пайвастанд. Доҳа иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG