Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар солрӯзи ошӯб. Туркия беш аз 7000 нафарро барканор кард


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия

Мақомоти Туркия дар солрӯзи ошӯби нотамом дар ин кишвар беш аз 7 ҳазор нирӯи пулис ва афроди дигари расмиро аз мақомҳояшон барканор кард. Дар ин бора хабаргузории расмии “Анадолу” рӯзи 14-уми июл иттилоъ дод. Рӯзномаи “Ҳуррият” низ навишт, ки тақрибан 2300 пулис барканор шуда, 350 афроди низомӣ аз рутбаҳои худ маҳрум гардиданд.

Аз замони ошӯби рӯзи 15-уми июли соли гузашта то кунун дар Туркия тақрибан панҷоҳ ҳазор нафар бо гумони иштирок ё ҳамдастӣ дар ин ошӯб боздошт шуда, беш аз сад ҳазор нафари дигар аз ҷои кори худ маҳрум шуданд. Мақомоти Туркия иддао доранд, ки ин ошӯб суқути ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба ҳадаф дошт.

Туркия дар ошӯби моҳи июли соли гузашта Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро муттаҳам дониста, борҳо истирдоди ӯро дархост кардааст. Гулен рӯзи 14-уми июл бори дигар даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад кард ва аз Анкара хост, ки аз таъқибу “шикори” пайравони ӯ даст бардорад.

Видеоҳои охирин

Магар низоми нафақаи Тоҷикистон бомуваффақият аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG