Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ду мақоми Оҷонсии зиддифасод ба Додгоҳи олӣ рафт


Дар акс: Фирӯз Холмуродзода ва Давлатбек Хайрзода
Дар акс: Фирӯз Холмуродзода ва Давлатбек Хайрзода

Тафтиши парвандаи ду корманди собиқи баландпояи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон анҷом ёфта, ба Додгоҳи олӣ барои баррасӣ ирсол шудааст.

Бо инки аз боздошти пурсарусадои мансабдорони собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се моҳ мегузарад, то кунун ҳеҷ мақоми расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши собиқи ин ниҳод ба муҳокимаи Додгоҳи олӣ ирсол шудааст.

Таърихи дақиқи ба баррасии додгоҳ исрол шудани парвандаи ин ду нафар маълум нест. Пайвандони боздоштшудаҳо мегӯянд, ки аз ҷараёни тафтишот иттилои комил надоранд ва мушаххас нест, то куҷо муттаҳамон гуноҳҳои воридаро эътироф мекунанд. Қутбиддин Хайров, бародари Давлатбек Хайрзода, низ рӯзи 13-уми июл дар як сӯҳбати кутоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи бародараш хабар дорад, вале ҷузъиёти онро намедонад.

Ин ду корманди собиқи Оҷонсӣ моҳи апрели имсол бо иттиҳоми “қаллобӣ ва мусоидат кардан дар амалҳои коррупсионӣ” боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Замони боздошт манобеи мухталифи тафтишотӣ гуфта буданд, ки иттиҳоми аслии кормандони масъули Оҷонсии зиддифасод –“қаллобӣ” ва “сӯистифода аз мақом” аст, ки марбут ба чанд мавриди қонуншиканӣ аст.

Сулаймон Султонзода
Сулаймон Султонзода

Бо ин ки аз боздошти пурсарусадои мансабдорони собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се моҳ мегузарад, то кунун ҳеҷ мақоми расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надода, ҷузъиёти аслии ин боздоштҳо барои матбуот ва ҷомеа пинҳон боқӣ мемонад.

Мақомоти расмӣ, ки салоҳияти сӯҳбат кардан дар ин мавзӯъро доранд, аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунанд. Танҳо Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми май боздошти бархе аз ин кормандонро тасдиқ карда, вале пайдо шудани дороиҳои зиёд аз манзили зисти онҳоро рад кард. Зимнан, раиси Оҷонсӣ аз шарҳи бештари мавзӯъ “ба хотири халал ворид нарасонидан ба тафтишот” худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG