Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи 25 кӯдак дар Ғазнӣ


Волии Ғазнӣ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ дар ин вилоят 25 кӯдакро аз чанги одамрабоён наҷот додаанд. Абдулкарим Матин,рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кӯдакон ҳини интиқол ба берун аз Ғазнӣ дар наздикии минтақаи Мақар, наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи оқои Матин, дар робита ба ин ҳодиса, ду нафар боздошт шудаанд. Вай гуфт, "тибқи ташхиси табибон, ба ин кӯдакон як навъ доруи беҳушкунанда додаанд. Ин кӯдакон як навъ беҳол ҳастанд ва гап зада наметавонанд ва ҳатто ханда ва гиряи худро дуруст намефаҳманд. Ниёз ба фурсат доранд, то ба худ биоянд". Волии Ғазнӣ гуфт, тибқи маълумоти ибтидоӣ, ин кӯдакон сокинони минтақаҳои Мақар, Андар ва Убанди вилояти Ғазнӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG