Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп эҳтимоли таъсиси гуруҳҳои амнияти интернетиро бо Русия рад кард


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки таъсиси гуруҳҳои амнияти кибернетикӣ ё интернетӣ дар якҷоягӣ бо Русия ғайриимкон аст. Дар ин бора вай рӯзи 9-уми июл дар “Твиттер” хабар дод. Ба ин тартиб, вай суханони президенти Русия Владимир Путинро рад кард.

Пештар аз ин дар нишасти хабарии баъди саммити "Бистгонаи бузург" дар Ҳамбурги Олмон Путин гуфт, дар мулоқот бо Трамп дар бораи таъсиси гуруҳҳои кории муштарак дар масъалаи амнияти кибернетикӣ ба созиш расидаанд.

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Русия танқиди шадиди сенатори Амрико, узви Кумитаи Сенат дар умури корҳои хориҷӣ Бен Кардинро ба бор овард.

Ба гуфтаи Кардин, Русия на танҳо ба интихоботи Амрико дахолат кард, балки ҳамлаи баробарвазн бо ҳамлаи сиёсии Перл-Ҳарборро анҷом дод. Кардин даъват кард, ки нисбат ба Русия дар посух ба ҳамлаи бешумори рахнагарон ба ИМА ва дахолати Кремл ба маъракаи интихоботии соли гузашта ба таври фаврӣ таҳримҳои нав ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG