Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Трамп бо президенти Полша шурӯъ шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп сафари дуюми худро ба Аврупо аз Варшава шурӯъ кард. Рӯзи 6 июл дар пойтахти Полша ӯ бо раҳбарони кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ мулоқот карда бояд бо як изҳороти телевизионӣ ба мардуми Полша муроҷиат кунад. Фардо ӯ дар Ҳамбург дар нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20-гона иштирок карда бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ мекунад.

Субҳи имрӯзи Трамп аз мулоқот бо президенти Полша Анҷей Дуда шурӯъ шуд, баъдан як нишасти матбуотӣ барпо мешавад. Дар идомаи рӯз дар ҳамоиши сарони кишвару ҳукуматҳои “Ташаббуси се баҳр” иштирок мекунад, ки 12 давлати аврупоиро дар соли 2016 бо ҳадафи тавсеаи тиҷорату энержӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ ба ҳам овард. Ба ин созмон Венгрия, Ҷумҳурии Чех, Словакия, Руминия, Булғористон, Литва, Эстония, Латвия, Словения ва Австрия шомиланд.

XS
SM
MD
LG