Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайдар Ибодӣ: Давраи "хилофати" ДИИШ тамом шуд


Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ гуфт, ки давраи ба истилоҳ “халифати” гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” баъди се соли муборизаҳо ба поён расид. Изҳороти Ибодӣ рӯзи 29 июн баъди он садо дод, ки нирӯҳои вижаи ироқӣ бо пуштибонии ИМА сохторҳоеро дар атрофи харобаҳои масҷиди аъзами Ан-Нурӣ ба даст оварданд. Ин масҷид рӯзи 21 июн аз ҷониби ҷангиён оташ зада шуд.

Масҷиди аъзами ан-Нурӣ маконест, ки соли 2014 раҳбари ДИИШ Абӯбакр Ал-Бағдодӣ бунёди “халифат”-и исломиаш дар қаламравҳои Ироқу Сурияро дар ҳамин масҷид эълон кард. Як дипломати баландпояи Русия рӯзи 22 июн гуфта буд, ки худи Бағдодӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии ахири ҳавопаймоҳои русӣ кушта шуд, вале то ҳанӯз ин иддао расман тасдиқ нашудааст.

Дар як изҳороти телевизиони давлатии Эрон ҳам Алии Шерозӣ, намояндаи расмии раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ рӯзи 29 июн гуфт, ки Бағдодӣ “воқеан мурдааст”. Мақомоти ироқиву эътилофӣ мегӯянд, ки рӯзҳои тахминан 300 ҷангии ДИИШ дар Мосул ҳам башумор аст.

XS
SM
MD
LG