Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви як парвози "Уралские авиалинии" аз Маскав ба Душанбе


Парвози ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский дар вилояти Маскав ба шаҳри Душанбе шоми 27-уми июн лағв шудааст.

Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки лағви ин парвоз ба далели камбуди мусофирон рух дод ва ба соҳибони билети парвоз пешниҳод шудааст, ки баъд аз ду рӯз тавассути шаҳри Екатеринбург ба Душанбе парвоз кунанд.

“Хароҷоти сафар аз Маскав ба Екатеринбург ва зиндагии ин мусофиронро дар тӯли ду рӯз ширкати “Уралские авиалинии” ба зимма мегирад”, - афзуд Умедҷон Лолаев.

Ӯ афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба шаҳрҳои кишвар ҳеҷ монеа эҷод накардааст ва парвозҳои минбаъда тибқи ҷадвал анҷом мегирад.

XS
SM
MD
LG