Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фалокате дар Покистон 148 нафар кушта шуданд


Садамаҳо дар Покистон ба сабаби риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ зиёд рух медиҳанд.
Садамаҳо дар Покистон ба сабаби риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ зиёд рух медиҳанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, теъдоди қурбониёни садамаи мошини бензикашӣ дар як шоҳроҳ афзуда ва ба 148 нафар расид. Ба гуфтаи мақомот, ронандаи мошини боркаш рӯзи 26-уми июн назорати мошинро аз даст дода ва онро дар 100 километрии шаҳри Мултон панҷумин шаҳри бузурги Покистон чаппа кардааст.

Маъмурони пулис маҳалли ҳодисаро бастаанд, вале мардуми русто барои гирифтани бензин ба маҳалли ҳодиса ворид шудаанд, ки мошин таркидааст. Дар видео аз маҳалли ҳодиса фавҷи баланди дуд ва даҳҳо ҷасади сӯхта дида мешавад.

Дар натиҷаи фалокат даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва ба гуфтаи Муҳаммад Боқир, яке аз мақомоти расмӣ мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад. Артиши Покистон барои интиқоли маҷрӯҳон ба бемористон чархбол фиристодааст.

Телевизиони Гео ТВ аз қавли шоҳидони айнӣ навишт, ки баъзе аз мардум дар ҷойи фалокат сигор мекашидаанд ва шояд ба ҳамин сабаб мошин оташ гирифта ва таркида бошад.

XS
SM
MD
LG