Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ду қочоқбарро куштанд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи даргирӣ бо қочоқбарони маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон ду нафарро куштанд. Дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 20-уми июн гуфт, ки шаби 19-уми июн гурӯҳе аз қочоқбарон хостаанд, аз Афғонистон дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Ҳамадонӣ” ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд, вале ба марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи раёсати марзбонӣ, “қочоқбарон ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад».

Дар натиҷаи даргирӣ бо қочоқбарони афғон ду нафарашон кушта шудаанд ва бақия ба қаламрави кишвари ҳамсоя бозгаштаанд. Дар маҳҳали ҳодиса ба гуфтаи мақомот, ҷасади ду нафар, 21 кило ҳашиш, 2 автомати Калашников ва тиру норинҷак пайдо кардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1300 километрӣ дорад ва яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупо ба ҳисоб меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG