Фармондеҳи умумии пулиси Спин Сар дар шимол-шарқи Афғонистон мегӯяд, ки вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахор аз Толибон бозпас гирифта шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шимол-шарқи Афғонистон гузориш медиҳад, ки Маҳфузуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи фармондеҳии умумии пулиси Спин Зар рӯзи душанбе гуфт, ки нерӯҳои амниятии афғон дар як амалиёти муштарак, Хоҷа Ғорро пас гирифтанд. Ба гуфтаи Акбарӣ, дар ин амалиёт талафоти сангин ба Толибон ворид шуда ва ҷасадҳои 5 нафарашон дар маҳали даргирӣ, боқӣ мондааст. Вай дар мавриди эҳтимоли ворид шудани талафот ба нерӯҳои давлатӣ, ҷузъиёте ироа накард. Хоҷа Ғор ва Дарқад аз минтақаҳои ноамни вилояти Тахор ба шумор мераванд. Ба гуфтаи сухангӯи фармондеҳии умумии пулиси Спин Зар, нерӯҳои афғон дар Дарқад низ амалиётро оғоз кардаанд ва ҷанг дар ҳоли ҳозир дар он минтақа идома дорад.