Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон садҳо маҳбусро афв кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов савори аспи Ахел-Теке
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов савори аспи Ахел-Теке

Ба навиштаи матбуоти Туркманистон раиси ҷумҳури ин кишвар беш аз 1000 зиндониро афв кардааст.

Матбуот аз қавли Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов навишт, ки афви зиндониён ба "Лайлатулқадр" ё шаби қадр рабт дорад. Мусалмонон дар се рӯзи ахири моҳи шарифи Рамазон то рӯз ибодат мекунанд ва бовар доранд, ки дуои шаби қадр мустаҷоб мешавад.

Президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов низ соле як бор дар моҳи Рамазон зиндониҳоро афв мекард.

Қурбогули Бердимуҳаммадов яке аз раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ аст, ки тамоми бахшҳои зиндагии мардумро таҳти назорат дорад ва соле чанд дафъа, маъмулан дар остонаи ҷашнҳои расмӣ, зиндониҳоро мебахшад ва аз маҳбас раҳо мекунад.

Охирин қарори афвро ӯ моҳи феврали соли равон дар остонаи Рӯзи Парчам содир кард ва 828 зиндониро аз зиндон берун овард.

Афвҳои монанд ба ин маъмулан ба зиндониҳои сиёсӣ пахш намешаванд.

XS
SM
MD
LG