Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мэттис: Стратегияи Амрико дар Афғонистон "наҳваи минтақавӣ" хоҳад дошт


Вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис
Вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис

Вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис гуфт, ки гузинаҳои мавҷуд дар робита ба Афғонистонро "базудӣ" дар ихтиёри президент Доналд Трамп қарор медиҳад ва стратегияи ИМА бо назардошти "наҳваи минтақавӣ" бунёд мешавад. Дар ин бора Мэттис рӯзи 12 июн ба Кумитаи Сенат дар умури Хадамоти Артиш гузориш дод.

Матбуот навиштааст, ки Мэттис ба Трамп интиқоли аз 3 то 5 ҳазор нерӯи Амрико ба Афғонистонро тависия хоҳад дод, то бунбасти байни нерӯҳои ҳукумат ва Толибон шикаста шавад.

Сарфи назар аз умедвории Доналд Трамп ба беҳбуди равобит бо Русия, Мэттис гуфт, ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин хостори равобити мусбат бо Амрико бошад.

"Ҷаноби Путин мақоми рақиби стратегиро интихоб кардааст",- гуфт Мэттис аммо афзуд, ки бо назардошти ламси заминаҳои муштарак, равобит метавонад рушд кунад.

Генерали нерӯҳои дарёгарди ИМА ва раиси ситоди муштарак Ҷозеф Данфорд равобити Русия бо Амрикоро "хасмона" унвон кард.

XS
SM
MD
LG