Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хостори раҳоии эътирозгарони зидди фасоди Русия шуд


Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Русия даъват кард, ки ҳарчи зудтар боздоштшудаҳои тазоҳуроти зидди коррупсионии рӯзи 12-уми июн дар Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои он кишварро озод кунад. Баёнияи бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки боздошти садҳо тан дар тазоҳуроти мусолиматомез ва истифодаи нерӯ, хилофи ҳуқуқҳои бунёдии озодӣ мебошад. Ин баёния мегӯяд, ки Брюссел интизор дорад, ки ин ҳуқуқҳо ҳимоят мешаванд ва нақз намешаванд ва мақомоти Русия ба таври комил ба тааҳҳудоти байналмилалии худ бояд пойбанд бошад.

Рӯзи 12-уми июн дар даҳҳо шаҳри Русия эътирозҳо алайҳи фасод баргузор шуд. Дар Маскав беш аз 860 нафар ва дар Санкт-Петербург ҳудуди 890 тан аз мухолифон боздошт шуданд. Раҳбари мухолифон Алексей Навалний рӯзи 12-уми июни ҳини баромадан аз манзили зисташ дар Маскав боздошт шуд. Шоми ҳамон рӯз додгоҳе дар Маскав ӯро барои нақзи муқаррароти баргузории гирдиҳамоӣ, ба 30 рӯз зиндони маъмурӣ, маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG