Пайвандҳои дастрасӣ

"Шабакаи Ҳаққонӣ" гуфт, дар ҳамлаҳои Кобул даст надорад


Акс аз бойгонӣ

Нафари дуюм дар гурӯҳи Толибон ва раҳбари "шабакаи Ҳаққонӣ" Сироҷуддин Ҳаққонӣ даст доштани Толибон дар ҳамлаҳои пурқурбонии Кобул ва Ҳиротро рад кард. Изҳороти садоии ӯро сухангӯи Толибон бегоҳи 11 июн ба матбуот расонд. Дар натиҷати инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Кобул дар рӯзи 31-уми май дар Кобул беш аз 150 нафар кушта шуд.

Аз замони суқути Толибон дар соли 2001, аз тарафи эътилофи таҳти сарварии ИМА, ин аввалин ҳамлаи пурқурбонӣ аст, ки даъватҳоро барои истеъфои ҳукумати ваҳдати миллӣ ба бор овард.

Рӯзи 2 июн дар тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дастикам панҷ тазоҳургар ҳангоми задухӯрд бо пулис ба ҳалокат расид. Ҳафт нафари дигар рӯзи 3 июн бар асари инфиҷор дар вақти ҷанозаи қурбониёни таркиши аввал кушта шуданд. Дар бомбгузорӣ дар масҷиди Ҳирот дастикам 7 нафар ҷони худро аз даст дод.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин силсилаи ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифт, аммо мақомоти Афғонистон шабакаи Ҳаққониро дар ҳамлаи Кобул гунаҳкор медонанд. Дар паёми садоияш Сироҷуддин Ҳаққонӣ ин ҳамлаҳоро маҳкум кард, аммо ҳушдор дод, ки гуфт, ки онҳо ҷангро то берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар идома медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG