Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Афғонистон ба хотири ҳодисаҳои пайиҳами маргбор дар ин кишвар рӯзи 10-уми июн мотами миллӣ баргузор кард. Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки азои умумӣ ба хотири адои эҳтиром ба касонест, ки дар ҳамлаҳои ахир кушта шуданд.

Дар ҳамлаҳои ахир дар Афғонистон 200 кушта шуда ва беш аз 600 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба ҳамин далел рӯзи шанбе дар ҳама идораҳои давлатӣ дар дохили Афғонистон ва намояндагиҳои расмиаш дар хориҷа парчами ин кишвар нима барафрошта шуд.

Эълони мотами миллӣ яке аз хостҳои эътирозгарони ҷунбиши растохези тағйир буд, вале дар эъломияи дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон зикр нашудааст, ки ин тасмим бар асоси хости эътирозгарон гирифта шудааст, ё не.

Ҷунбиши растохези тағйир пас аз ҳамлаҳои маргбори як ҳафтаи пеш дар Кобул шакл гирифт ва ҳанӯз идома дорад. Аъзои ин ҳаракат аз ҳукумати Афғонистон чандин тақозо доранд, ки яке он барканории мақомоти аршади амниятии ин кишвар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG