Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Коми: Дар бораи ман "дурӯғи маҳз" гуфтанд. ВИДЕО


Ҷеймс Коми зимни суханронӣ дар сенат
Ҷеймс Коми зимни суханронӣ дар сенат

Ҷеймс Коми, мудири собиқи FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико гуфт, “баёнияҳои тағйирёбанда” дар бораи барканориаш ӯро “гиҷ” ва “нигарон” кард ва ончӣ ки Кохи Сафед дар бораи ӯ ва FBI гуфтааст, “дурӯғи ошкор ва маҳз” буд. “

“Бо вуҷуди онки бар асоси қонун метавонанд, дар бораи сабаби барканории мудири FBI аслан чизе нагӯянд, вале ҳукумат баъдан хост, ки маро шармсор кунад ва муҳимтар аз ин Эф Би Айро. Бо ин гуфта, ки дар Эф Би Ай бесарусомонист, мудирияташ дуруст нест ва кормандонаш ба раҳбараш дигар бовар надорад. Ин ҳама дурӯғ буд, дурӯғи маҳз ва ошкор. Ман бисёр мутаасифам, кормандони Эф Би Ай инро шуниданд ва ман бисёр мутаасифам, ки инро ба мардуми Амрико гуфтанд“ – гуфт, Ҷеймс Коми ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вакилони Кумитаи иттилоотии Сенати Амрико дар рӯзи 8-уми июн.

Ҷеймс Коми: Дар бораи ман "дурӯғи маҳз" гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Ҷеймс Коми дар ҳузури вакилони сенат дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 ва иртиботи эҳтимолии атрофиёни Доналд Трамп бо мақомоти Русия гузориш дод. Вақте аз Ҷеймс Коми пурсиданд, ки оё шубҳа дорад, ки Русия талош кард, ки ба интихоботи соли 2016 дахолат кунад, ӯ гуфт, “На”.

Ҷеймс Коми гуфт, “ҳеҷ шубҳа надорад”, ки рахнагарӣ ва нашри иттилооти Кумитаи миллии Ҳизби Демократи Амрико дар замони маъракаи интихоботии соли 2016 кори дасти Русия буд. Аз Ҷеймс Коми пурсиданд, ки мумкин аст, ки ҳукумати Русия дар паси рахнагариҳо ба санадҳои раъйдиҳандагон дар Амрико буд ва ҳукумати Русия аз ин фаъолиятҳо комилан огаҳ будааст. Посухи Коми мусбат буд.

Аммо ӯ гуфт, ки “мутмаин” аст, ки дар интихоботи соли 2016 ҳеҷ гуна оро дасткорӣ нашудааст. Дар идома аз Ҷеймс Коми пурсиданд, ки оё дар воқеъ раиси ҷумҳур Доналд Трамп аз ӯ хостааст, ки таҳқиқот дар бораи дахолати Русия дар интихоботи соли 2016-ро қатъ кунад, ӯ гуфт,” то ҷое медонам, не.”

Бисёре аз чашмҳо дар Вашингтон ва бақияи Амрико ба сӯи Ҷеймс Коми буд, чун матбуоти Амрико қабл аз суханронӣ дар сенат, баъзе ҷузъиёти мулоқоти Коми ва Доналд Трампро нашр карданд, ки зимни он гӯё Доналд Трамп хостааст, ба таҳқиқоти FBI таъсир бигузорад.

Рӯзе пеш аз ҳузураш дар Сенати Амрико Ҷеймс Коми дар баёнияи катбиаш гуфтааст, ки Доналд Трамп, ки рӯзи 9-уми май ӯро аз мақомаш барканор кард, хостааст, ки FBI таҳқиқи амалкардҳои Майкл Флинн, мушовири нахустини амнияти миллӣ ва муколамаҳои ӯ бо мақомоти Русияро қатъ кунад.

Суолу ҷавоби Ҷеймс Коми бо вакилон идома дорад ва қарор аст, вакилон баъдан паси дарҳои нишаста ҳам дар ин бора гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG