Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Ҷеймс Коми дар сенати Амрико ВИДЕО


Ҷеймс Коми мудири собиқи Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико дар ҳузури сенати Амрико дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи он кишвар ва гӯё фишорҳо барои хотима додан ба таҳқиқи амалкардҳои мушовири собиқи амнияти миллии ҳукумати Амрико гузориш медиҳад.

Қабл аз суханронии Ҷеймс Коми, гуфт Марк Ворнер, раиси Кумитаи истихбороти сенат, гуфт, ки Русия саъй кардааст, ки ба интихоботи Амрико ва як рукни асосии демократия дар кишвар дахолат кунад. Ӯ аз Коми хост, роҷеъ ба ин қазия ва ҳам ҳамкориҳои эҳтимолии атрофиёни Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо мақомоти Русия рост бигӯяд.​

Ҷеймс Коми: Дар бораи ман "дурӯғи маҳз" гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Ҷеймс гуфт, ки ҳукумати Амрико дар бораи сабабҳои барканории ӯ дурӯғ гуфтааст. Ӯ афзуд: " Маро хостанд, шармсор кунанд ва ин як дурӯғи маҳз буд ва ман бисёр мутаасифам."

Пеш аз гузориши Коми бахше аз матни суханронии ӯро нашр карданд, ки гӯё гуфтааст, шаҳодат медиҳад, ки раиси ҷумҳури Амрико аз ӯ хоҳони "вафодорӣ" шуда буд. Ҷеймс Коми рӯзи чаҳоршанбеи 7-уми июн ба таври хаттӣ ин гузоришро ба Кумитаи амнияти Сенати Амрико пешниҳод кард.

​Матни баёнияе, ки Ҷеймс Коми бояд рӯзи панҷшанбеи 8-уми июн соати 10 ба вақти маҳаллии он кишвар баён кунад, рӯзи 7-уми июн аз сӯи Кумитаи амнияти Сенат нашр шуд.

​Доналд Трамп ҳудуди як моҳ пеш Ҷеймс Комиро барои амалкарди номатлубаш дар расидагӣ ба моҷарои ҷанҷолии имейлҳои Ҳиллари Клинтон, аз мақомаш сабукдӯш кард. Майкл Флинн, мушовири пешини амнияти миллии Доналд Трамп дар таърихи 13 феврал, аз мақом барканор шуда буд.

Ҷеймс Коми рӯзи 9-уми майи соли 2017 аз сӯи Доналд Трамп аз мақомаш барканор шуд. Ӯ дар соли 2013 бо 90 раъйи тарафдор ва як райъи мухолиф дар сенати Амрико, ба унвони раиси FBI мавриди таъйид қарор гирифта буд.

Ин изҳороти Ҷеймс Коми чанд гузоришҳои хабарии "тарканда"-и ҳафтаҳои ахирро таъйд мекунад, ки мегуфтанд, Доналд Трамп ба масъалаи таҳқиқи FBI аз Майкл Флинн, мудохила кардааст. Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Амрико Пол Раян гуфтааст, ин ба таври ошкоро "ғайрмуносиб" мебошад, ки Трамп ба як мақоми баландпояи амниятӣ фишор меорад ва талаб мекунад, ки бо ӯ “вафодор” бошад.

Қарор аст Ҷеймс Коми дар ҷаласаи кумитаи амнияти Сенат ҷузъиёти мулоқот ва гуфтугӯҳои худ бо Доналд Трамп чанд ҳафта қабл аз барканориаш дар рӯзи 9-уми майро, тавзеҳ бидиҳад. Ин шаҳодат метавонад паҳлӯҳои наве дар мавриди таҳқиқоти FBI дар мавриди тамос ва ҳамкориҳои эҳтимолии ситоди интихоботии Трамп бо мақомоти ҳукумати Русияро ошкор кунад.

Дар ин гузориши хаттӣ Коми гуфтааст, ки вай ва Доналд Трамп рӯзи 27-уми январ бо ҳам хӯроки шом хӯрданд ва дар ҳини он оқои Трамп суол кард, ки оё мехоҳад мудири FBI бимонад? Ҷеймс Коми дар замони Барак Обама ба мақоми раиси Идораи тафтишоти федеролӣ расида буд. Коми мегӯяд, дар посух гуфт, ки мехоҳад, ба маъмурияти 10-солаи худ идома диҳад ва аз ҷиҳати сиёсӣ ба ҳеҷ ҷараёне вобаста набошад.”

Ҷеймс Коми
Ҷеймс Коми

Аммо ба гуфтаи Ҷеймс Коми, дар он мулоқот Доналд Трамп ба ӯ гуфт, ки “ман вафодории шуморо мехоҳам, аз шумо вафодорӣ интизорам” ва Коми ҷавоб додааст, ки "садоқати худро" нишон хоҳад дод. Трамп сипас гуфтааст, ки ман “вафодории содиқона” мехоҳам. Ва Коми мегӯяд, ки ба вай гуфтам, “ту онро аз ман дарёфт хоҳӣ кард.”

Ҷеймс Коми ҳамчунин мегӯяд, ки Доналд Трамп рӯзи 14 феврал бо вай дар як мулоқоти хусусӣ дар бораи Майкл Флинн суҳбат кард ва гуфтааст, ки мушовири амнияти миллии пешинаш “марди хуб аст” ва ибрози умедворӣ кардаст, ки ба таҳқиқот дар бораи Флинн хотима дода шавад.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки Доналд Трамп дар рӯзи 30-юми март дар як тамоси телефонӣ таҳқиқот дар бораи парвандаи Русияро "абре" хонд, ки рӯи дилаш соя афканда ва монеи аз он шудааст, ки барномаҳояшро пеш бибарад ва мепурсад, чи кор метавонад бикунад, ки абрро аз худ дур кунад.

​“Ман талаби президент дар бораи поён додан ба таҳқиқот дар робита ба Флиннро дарк мекардам",-навиштааст Коми. Майкл Флинн барои додани маълумоти ғайри қобили эътимод оиди гуфтугӯяш бо сафири Русия дар Вошингтон, Сергей Кисляк, барканор шуда буд.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми май Ҷеймс Комиро аз мақом барканор карда буд. Қарори президент як ҳафта баъди он содир шуд, ки Комӣ дар сенат ба суолҳо дар хусуси масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико посух дода буд.

Ҷеймс Коми дар соли 2013 бо 90 раъйи тарафдор ва як райъи мухолиф дар сенати Амрико, ба унвони раиси FBI мавриди таъйид қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG