Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коми ба Сенат хоҳад гуфт, ки Трамп ба ӯ фишор меовард


Собиқ раҳбари FBI ё Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико Ҷемс Коми ба Кумитаи иттилооти Сенат хоҳад гуфт, ки Доналд Трам аз ӯ хоста буд, ки ба таҳқиқоташ дар бораи тамоси Майкл Флинн, мушовири амнияти миллии пешин бо Русия, хотима бидиҳад. Оқои Коми ҳамчунин шаҳодат хоҳад дод, ки раиси ҷумҳури Амрико ба ӯ гуфта буд, ки "ман интизори вафодорӣ дорам."

Матни баёнияе, ки Ҷемс Коми бояд рӯзи панҷшанбеи 8-уми июн соати 10 ба вақти маҳаллии он кишвар баён кунад, рӯзи 7-уми июн аз сӯи Кумитаи истихборотии Сенат нашр шуд. Доналд Трамп ҳудуди як моҳ пеш Ҷемс Комиро ба амалкарди номатлубаш дар расидагӣ ба моҷарои ҷанҷолии емейлҳои Ҳиллари Клинтон, аз мақомаш сабукдӯш кард. Майк Флинн, мушовири пешини амнияти миллии Доналд Трамп дар таърихи 13 феврал аз мақом барканор шуда буд.

Ин изҳороти Ҷеймс Коми чанд гузоришҳои хабарии "таркандан" дар ҳафтаҳои ахирро таъйд мекунад, ки мегуфтанд, Доналд Трамп ба масъалаи таҳқиқи FBI аз Майкл Флинн, мудохила кардааст.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Амрико Пол Раян гуфтааст, ин ин ба таври ошкор ғайрмуносиб мебошад, ки Трамп ба як мақоми баландпояи амниятӣ фишор меорад ва талаб мекунад, ки бо ӯ “вафодор” бошад.

XS
SM
MD
LG