Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвари FBI ба дахолат дар умури интихобот муттаҳам шуд


Раҳбари демократҳо дар Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳарри Рид гуфт, ки сарвари Бюрои Федеролии Тафтишот - FBI бо ошкор кардани маълумот дар бораи тафтишоте, ки оҷонсии таҳти назари ӯ аз рӯи қазияи почтаи электронии Ҳиллати Клинтон пеш мебарад, эҳтимол қонунро нақз кардааст.

Ҳарри Рид рӯзи 30 октябр ба Ҷеймс Коми нома фиристод ва гуфт, ӯ қонунро, ки мақомотро аз таъсиргузорӣ ба интихобот, бо истифода аз мақом манъ мекунад, нақз кардааст. Пештар аз ин Ҷеймс Коми Конгресси ИМА-ро дар ҷараёни кашфи номаҳои навбатии Клинтон қарор дод, ки ҳангоми фаъолият дар мақоми Котиби давлатӣ аз сервери хусусӣ истифода кардааст. Бюрои федеролии тафтишот иҷозат гирифтааст, ки ин номаҳоро мавриди бозҷӯӣ қарор диҳад.

Хабари оғози тафтишоти FBI дар фосилаи камтар ду ҳафта аз интихоботи президентии Амрико пахш шуд. Парвандаи истифодаи почтаи электронии хусусӣ аз ҷониби Ҳиллари Клинтон моҳи июн бидуни ҳеҷ иттиҳоме алайҳи ӯ баста шуд.

Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико Ҳиллари Клинтон амалҳои Ҷеймс Комиро "боиси нигаронии амиқ" номид. Охирин пайғомҳои почтаи хусусӣ дар чаҳорчӯби бозҷӯии ҳамсари ёвари аршади Клинтон ошкор шудаанд.

XS
SM
MD
LG